Навиди Вазорат



Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба омодагӣ ба Конфронси 13-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

23-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи сатҳи баланд оид ба омодагӣ ба Конфронси 13-уми вазирони Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) баргузор гардид, ки дар кори он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС, мавқеи кишвар оид ба вазъи глобалӣ, бахусус ислоҳот дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва низоми савдои бисёрҷониба суханронӣ карда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмондиҳандагони чорабинӣ минатдорӣ баён намуд.

Дар ҷаласа асосан масъалаҳо вобаста ба такмили мавзӯҳои Конфронси 13-уми вазирони СУС, аз ҷумла вазъи кунунии савдои ҷаҳонӣ, мушкилот, норасоиҳо ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳо ва дигар самтҳои тақвияти фаъолияти низоми савдои бисёрҷониба мавриди баррасии ҳайатҳо қарор дода шуданд.

Масъалаи дигаре, ки муҳокима шуд, қабули Созишнома оид ба субсидияи моҳидорӣ буд. Қабул гардидани ин Созишнома дар доираи Конфронси 13-уми вазирони СУС моҳи феврали соли 2024 дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар назар аст.

Созишномаи СУС оид ба субсидияи моҳидорӣ бо мақсади устувории уқёнусҳо тавассути манъи субсидияҳои зараровар барои моҳипарварӣ равона шудааст, ки ин омили асосии камшавии густурдаи захираҳои моҳӣ дар обҳои ҷаҳонӣ гардидааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное