Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири тиҷорат, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

28 майи соли 2023 вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Вазири савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ан ДокКин дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфтааст.

Солеҳзода А.А. қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, саноат ва сармоягузорӣ, муҳокима намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазоӣ кушод, дӯстона ва созанда доир гашт, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия дар доираи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисон дар соҳаи рушди савдои рақамӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷониби кореягӣ пешниҳод намуд, ки масъалаи минбаъд ба роҳ мондани робитаҳо байни ду кишвар дар доираи ҷаҳорчӯби ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ бо бастани Ёддошти тафоҳум баррасӣ карда шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное