Навиди Вазорат



Дар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ густариши ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима гардиданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

28 сентябри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, иқтисоди сабз ва рақамӣ, андоз, стандартизатсия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак дошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо қайд намуданд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хоса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон ҷониби Қатарӣ омӯзиш ва баъди он маблағгузории як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистонро, бахусус маблағгузории сохтмони НБО Роғун, лоҳаи сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, модернизатсия ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО), идомаи сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон эйр”, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ, сангҳои ороишӣ ва хӯрокворӣ, маркази муосири логистикӣ, кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, инчунин қабули 4 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ оғоз менамояд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия лоиҳаҳои «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар» ва «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти минтақаҳои озоди Давлати Қатар» барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ пешниҳод гардиданд.

Дар анҷоми ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию  техникӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иктисод ва савдо Завқизода З.А., Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир, Директори агентии Авиатсияи гражданӣ Сафарзода Дилшод, Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Котиби масъули Комиссияи байниҳукуматӣ Дилшод Шарифи, Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Саидов Мирзоолим, Сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Таваралиев Эраҷ, Директори иҷроияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) Раҷабзода Наҷибулло, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Ятимзода Муҳаммад, Директори генералии ҶДММ Ширкати ҳавопаймои «Тоҷик эйр» Шодмонзода Парвиз Абдураҳим, Директори молиявии ҶДММ Ширкати ҳавопаймои «Сомон эйр» Саидов Ҷамшед шомиланд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное