Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ ширкат варзид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

22 сентябри соли 2023 ҷаласаи 99-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

 

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, молия, геология, амнияти иттилоотӣ ва инноватсия муҳокима гардиданд.

Дар оғоз роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Қайд бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти муҳим медиҳад.

Дар робита ба ин айни замон зиёда аз 51,3 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд.

Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаҳои Дар бораи фаъолияти мақомоти соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи иқтисодиёт барои солҳои 2018-2023, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи «Саломатии аҳолии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» барои солҳои 2024-2025, Дар бораи фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бойторӣ барои солҳои 2019-2022, Маҷмӯи тадбирҳои оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи саноати куҳӣ ва металлургӣ аз 28 октябри соли 2016, Дар бораи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2018-2022, Низомнома оид ба платформаҳои технологӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии инноватсионии давлатҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2030, Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Барқарорсозии қаламравҳои давлатҳое, ки аз истеҳсолоти истихроҷи уран зарар дидаанд», Дар бораи додани мақоми маркази тиҷоратикунонии инноватсияҳои давлатҳои иштирокдори Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2030 ва ғайраҳо баррасӣ шуданд.

Дар анҷом аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карданд.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное