Навиди Вазорат



Маҷлиси ботантана бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

6 сентябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - Истиқлоли давлатӣ самимона табрику таҳният намуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи дастовардҳои замони истиқлол, ваҳдату якпорчагии миллат маҳз ба фаъолияти пурсамар ва азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дошта, давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи халқи Тоҷикистони маҳбубамон ба комёбиҳои беназир ноил гардид.

Аз ҷумла новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо дар 22 соли замони Истиқлоли давлатӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 64 маротиба, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 32 маротиба ва даромадҳои пулии аҳолӣ 101 маротиба зиёд гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то 22,5 фоиз коҳиш ёфта, 3430 адад муассисаҳои нави таълимӣ, 2827 адад муассисаҳои нави тиббӣ, зиёда аз 2400 км роҳҳо ва беш аз 2 ҳазор мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиву амниятиро аз даст надода, доимо барои ҳифз ва тақвият додани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ба як қатор кормандони вазорат барои саҳми арзанда дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ифтихорнома тақдим гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное