Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати расмии сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

4 сентябри соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Дар натиҷа ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Олмон дар моҳҳои январ-июни соли 2023-юм 93,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 млн. доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Аммо бо назардошти захираву имкониятҳои васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар карда шавад.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное