Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сафарбар намудани дастгирии молиявию техникиро барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори кишвар муҳокима намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 18 июли соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Завқизода З. А. оид ба Форуми сиёсии сатҳи баланди рушди устувор ва саҳми он дар шарҳи татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, донишу навовариҳо дар ин раванд, натиҷагирӣ аз Конфронси СММ оид ба Рӯзномаи амали об, иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Нишасти вазирон вобаста ба омодагӣ ба Саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) 2023, муаррифии Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии платформаи миллии пайгирии ҲРУ, дастовардҳои назарраси кишвар дар таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ибрози назар намуд.   

Завқизода З. А. ҷиҳати идомаи татбиқи минбаъдаи Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва ташаббусҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим итминони комил изҳор намуда, дар ин самт нақши калидии зиёд намудани дастгирии молиявию техникии ниҳодҳои СММ ва дигар шарикони рушдро барои тақвият бахшидани шарикӣ дар ҳама сатҳҳо байни ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ вобаста ба истифодаи захираҳо, таҷриба ва навовариҳо махсусан қайд кард.  

Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа ташаббусҳо ва комёбиҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои пешбарии Рӯзномаи глобалии амали об ва татбиқи аксарияти ҲРУ, пешниҳоди Шарҳи дуюми ихтиёрии миллӣ ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами ҷалби тарафҳои манфиатдор дар ин раванд, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани некуаҳволии мардум баланд арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон Муовини Дабири кулли СММ дархости Тоҷикистонро вобаста ба зиёд намудани дастгирии молиявию техникӣ ҷиҳати татбиқи ҲРУ, бахусус пайгирии натиҷагириҳо ва тавсияҳои Конфронси СММ оид ба Рӯзномаи амали об қобили қабул донист. Зикр гардид, ки масъалаи зиёд намудани дастгирии молиявию техникии кишварҳо барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 оид ба рушди устувор ва таҷдиди назари усулҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ин раванд яке аз мавзуҳои асосии Саммити ҷаҳонии ҲРУ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар сатҳи сарони давлатҳо ва ниҳодҳои СММ баргузор мегардад, хоҳад буд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное