Навиди Вазорат



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

2 декабри соли 2022 ҷаласаи 96-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

 

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, амнияти иттилоотӣ ва рақамикунонӣ муҳокима гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокчии ИДМ таваҷҷуҳи хоса медиҳад.

Дар робита ба ин айни замон зиёда аз 50 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд.

Дар анҷоми ҷаласаи 96-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ вобаста ба масъалаҳои зерин қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд:

-  дар бораи лоиҳаҳои Консепсияи рушди ҳамкориҳои саноатии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Маҷмӯи тадбирҳо доир ба рушди ҳамкориҳои саноатии давлатҳои иштирокчии ИДМ барои давраи то соли 2030;

- дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030;

- дар бораи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди қаллобӣ дар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ;

- дар бораи лоиҳаҳои Барномаи рушди инфрасохтори миллии ҳастаии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он;

- дар бораи монеаҳо дар савдои мутақобилаи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва тавсияҳо оид ба рафъи онҳо;

- дар бораи табдилдиҳии рақамии соҳаи энергетикаи давлатҳои иштирокчии ИДМ бо назардошти масъалаҳои амнияти энергетикӣ;

- дар бораи фаъолияти Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар солҳои 2018-2021;

дар бораи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои иштирокчии ИДМ.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное