Навиди Вазорат



Мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланди Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо доир ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия дар доираи чорабинии сатҳи баланд ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия доир ба амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ тавассути маблағгузорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло якҷо бо Ҳайати Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири саломатии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

Насриддинзода Р. Ҳ. қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ ва сиҳатии омма яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди он корҳои бузург ба сомон расонида шудааст.

Тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар самти тандурустӣ ва ҳизи иҷтимоии аҳолӣ баёнгари гуфтаҳои боло мебошад.

Инчунин дар рафти чорабинӣ пиромуни таҷрибаи пешқадами ҷониби Туркия дар самти ҳизи иҷтимоии аҳолӣ муаррифӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ мулоқоту вохуриҳои дуҷонибаи Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркия дар назар аст.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное