Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии ИДМ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар аснои Шӯро масъалаҳои ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла «Нақшаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба иҷрои масъалаҳои муҳими молиявию иқтисодӣ», Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2015-2016 оид ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои иштирокчии ИДМ то соли 2020» ва самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ «Дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то давраи соли 2025», мувофиқа намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳолати соҳибкории хурду миёна дар кишварҳои ба ҳам шарик, масоили андозбандӣ, ҳолати корҳои бойгониҳо, қонунгузориӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, дурнамои истеҳсолот, истеъмол ва воридоту содироти маҳсулоти асосӣ барои соли 2015 баррасӣ карда шуд.

Нимаи дуюми рӯз бо ташаббуси Маркази рушди Иттиҳод ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ Форуми байналмилалии иқтисодии «Ҳамгироӣ- имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон» баргузор гардид. Дар кори Форум аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ - вазирони рушди иқтисод, молия, саноат, савдо, коршиносон, иттиҳодияҳои соҳавӣ, сармоягузорӣ, сохторҳои бонкӣ, намояндагони судҳои иқтисодии кишварҳои иштирокчии ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва доираи соҳибкорон ширкат намуданд.

Дар Форум масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳод, аз қабили «Самаранокии энергия ва ҳифзи энергия, лоиҳаҳои инноватсионӣ», «Коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ», «Дурнамои ҳамгироии молию пулӣ дар ИДМ» ва «Таъмини фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар фазои иқтисодии ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиё» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Форуми мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мавзӯи «Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба он» маърӯза намуда, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати ҳамгироии иқтисодӣ манзур намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное