Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷамъбасти озмун

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

26 декабри соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими расмии натиҷаҳои озмуни қаблан эълонгардида доир ба инъикоси раванди татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон (СБСНМТ) барои солҳои 2013-2015, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ миёни намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ эълон шуда буд, баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро муовини Вазир, Умед Давлатзод бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, баргузории озмунро ҷиҳати иттилоотонии ҷомеаи кишвар аз натиҷаҳои татбиқ гардидани стратегия ва барномаҳое, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Ба озмуни мазкур, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ шуруъ гардида буд, намояндагони васоити ахбори омма фаъолона ширкат варзида, бештар аз 40 маводро дар жанрҳои мухталифи журналистика пешниҳод намуданд. Баъди баррасии амиқи ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби рӯзноманигорони касбӣ ва мутахассисони дахлдори Вазорат иборат буд, беҳтарин мавод аз рӯи номинатсияҳои муайяншуда интихоб гардиданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи номинатсияи “Маводи беҳтарини чопӣ” Неъматуллои Худоибахш, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷойи аввал ва Абдусаттор Абдуҷабборов, «Садои Конибодом»ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Ғолиби номинатсияи “Беҳтарин маводи интернетӣ” Раҷабов Абдукарим-хабарнигори «Сомонаи Фараж» гардид. Дар номинатсияи “Барномаи беҳтарини радиоӣ” ба Раҳимова Шоиста «Радиои Тоҷикистон»- ҷойи аввал, Ахмедов Раҳимҷон «Садои Хуҷанд»- ҷойи дуюм ва Насриддинова Гулнора Радиои «Садои Душанбе»- ҷойи сеюм сазовор дониста шуд, инчунин дар номинатсияи “Барнома/намоиши беҳтарини телевизионӣ” Муҳаммадраҷаби Ҳанафия, шабакаи аввали ТВ “Тоҷикистон” ғолиб эълон гардид.

Ҳамчунин, якчанд нафар кормандони ВАО-и ватанӣ барои иштироки фаъолона дар озмун ва ҳамкории мутақобила дар самти инъикоси раванди татбиқи СБСНМТ барои солҳои 2013-2015 бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное