Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

31 марти соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ Завқизода Завқи Амин қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамкориҳо бо Япония таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар, аз ҷумла зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути JICA, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Япония дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» ва «Иқтисоди рақамӣ», содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ ва баргузории Комиссияи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Японияро муҳокима намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное