Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GIZ) оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 28 феврали соли 2022 ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва бо иштироки роҳбари лоиҳаҳои минтақавии GIZ Торстен Бретсина, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусии кишвар баргузор гардид.

 

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот бояд ба се самти асосӣ – ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо равона гардад.

Бинобар ин яке аз омилҳое, ки бевосита барои татбиқи ин ҳадафҳо мусоидат менамояд, тақвияти ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самт ва ҷоннок намудани робитаҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад.

Абдураҳмонзода А. С. аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо GIZ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуданд, ки дар воқеъ баргузории ин ҷаласа ва дигар чорабиниҳои минтақавӣ дар доираи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» бевосита ба пешбурди фаъолият дар самти содагардонии расмиёти савдо тавассути кам кардани вақт ва хароҷоти субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва дар натиҷа ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Дар ҷаласаи мазкур асосан масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи GIZ оид ба «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» дар соли 2021, аз ҷумла тадқиқоти вақти барасмиятдарории гумрукӣ ҳангоми содироту воридоти маҳсулот, таҳлили бизнес равандҳо ва нақшаи чорабиниҳо то охири соли 2022 мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд.         

Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок дар доираи лоиҳаи қайдгардида ва татбиқи масъалаҳои баррасигардида изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное