Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Тандурустӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

29 октябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Тандурустӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.

Дар ҷаласа аъзои Гуруҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гуруҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи Гуруҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои тандурустӣ, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Аз ҷумла, намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар ин нишаст ширкат дошт, пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти коҳиши фавти кӯдак ва модарон қайд кард. Монеаҳои асосии ноил шудан ба системаи пурзӯри ҳифзи саломатӣ, аз қабили: сифати хизматрасонӣ, фарогирии нокифояи табақаҳои осебпазири ҷомеа ва системаи заифи кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.

Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 30 октябр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

Барои маълумоти бештар ба Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед: ш. Душанбе, кучаи Бохтар 38, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, 221-13-53 ва сурогаи электрони Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное