Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазир бо Роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шенни Кэмпбелл

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир муҳтарам Завқизода Завқи Амин бо Роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шенни Кэмпбелл баргузор гардид.

Пеш аз ҳама Завқизода Завқи Амин Шенни Кэмпбеллро барои ба вазифаи нави масъулиятнок таъиншуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳои касбӣ таманно кард.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо (семинарҳо), инчунин мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро бо таваҷҷӯҳ ба минтақаҳои сустаррақикардаи кишвар муҳокима намуданд.

Илова бар ин ҷонибҳо имконияти афзоиши ҳаҷми дастгрии молиявии БОР-ро дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025” баррасӣ карданд.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд изҳор намудаанд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное