Навиди Вазорат



Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввари СММ доир ба рушди устувори саноати истихроҷ ва Рӯзномаи 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

4 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завкӣ Амин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути видеоконфронс дар маросими ифтитоҳи мизи мудаввари СММ доир ба рушди устувори саноати истихроҷ ва татбиқи Рӯзномаи 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором якҷо бо Муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсиа Алисҷаҳбана суханронӣ намуданд.

 

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонида, дар назди худ ҳадафҳои истифодаи энергияи тоза, аз ҷумла татбиқи сиёсати коҳиш додани истифодаи ангишт, гузариш ба истеҳсоли энергия аз манбаҳои барқароршаванда ва технологияи каммасрафро гузоштааст. Инчунин Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсол ва истифодаи энергия аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад, зеро 98 фоизи нерӯи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ истеҳсол карда мешаванд ва тибқи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯи истифодаи энергияи тоза дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамояд. Дар умум Тоҷикистон дар самти татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди устувор бомаром тадбирҳо андешида истодааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки барои ҳавасманд гардонидани сармоягузориҳои устувор як қатор ислоҳоти назаррас ҷиҳати таъмини заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва расмиёти танзими давлатии шаффоф ва пешгӯишаванда ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт низоми равзанаи ягона барои бақайдгирии мустақими субъектҳои соҳибкорӣ, Феҳристи ягонаи давлатии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, портали Кумитаи андоз барои тақрибан 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ (аз ҷумла эъломияи электронии андоз, пардохти мустақими андозҳо, раводиди электронӣ, равзанаҳои ягона барои гирифтани иҷозати сохтмон, бақайдгирии амволи ғайриманқул, ба расмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, феҳристи электронии бақайдгирии амволи манқул ва ғайриманқул, онлайн платформаҳои B2B ва дастовардҳои ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷониби Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ эътироф гардида, Тоҷикистон тибқи арзёбии байналмилалии ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ" солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2020 ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Армида Салсиа Алисҷаҳбана Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи кишвари пешқадами минтақа дар самти истифодаи нерӯӣ “сабз” ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати гузариш ба истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия дар саноати истихроҷ, беҳтар намудани устувории иҷтимоӣ ва экологӣ ва сафарбар намудани сармоягузориҳо барои роҳандозии технологияҳои муосири сарфакунандаи энергия изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное