Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Семинари машваратӣ оид ба таҳияи Стратегияи ХМК

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо семинари машваратӣ оид ба таҳияи Стратегияи хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва лоиҳаи Хазинаи рушди соҳаи мазкур баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

 Семинарро бо суханони ифтитоҳӣ муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Буриев ва Роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Марша Олив оғоз намуданд.

Сипас, коршиносони байналмилалӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии маъмурони шаҳрӣ/минтақавӣ (ICMA), мушовири байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ҷаноби Р.Шепард ва роҳбари гуруҳи ICMA ҷаноби Р.Файрстайн вазъи хизматрасонии манзилию коммуналиро дар Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ қарор дода, лоиҳаи Стратегияи хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва Хазинаи рушди соҳаи мазкурро муаррифӣ намуданд.

Дар идомаи семинари машваратӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва донорҳо оид ба такмилу татбиқи лоиҳаи Стратегия ва Хазинаи рушди соҳа фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное