Баррасии масоили иқтисодӣ бо намояндагони ХБА

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Ҷонатон Данн баргузор гардид. 

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус, оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, ҳаҷми ММД ва сатҳи таваррум, фаъолияти анҷомдодаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шароити узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, суръати рушд дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, савдо ва хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои хурд ва миёна, истеҳсоли алюминий, нархи маҳсулоти ғайриозуқа, воридоту содироти маҳсулот, аз ҷумла, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили меваю сабзавот, вазъи интиқоли пулӣ, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисод баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное