Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҷаласаи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Фаррух Ҳамралиев, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, Марша Оливе, инчунин, намояндагони вазорату идораҳо ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ шарикони рушд, ҷиҳати иҷрои супориши Протоколи ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2012 №1С/12.2-1 ва бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баргузор гардид. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки рушди иқтисодӣ ва таъмини некӯаҳволии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии мамлакат, мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳои миёнамуҳлат вобастагӣ дорад. Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд муаррифӣ ва гузоришҳо оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва умуман татбиқи хуҷҷатҳои асосии стратегӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар соли 2013 баррасӣ гардиданд. Шарикони рушд пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои макроиқтисодӣ ва таъмини рушд босубот баҳои мусбат доданд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои устувор бо шарикони рушд ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои тақвият бахшидан ба ин раванд идома меёбад. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ саҳми шарикони рушдро дар татбиқи барнома ва афзалиятҳои миллӣ эътироф намуда, идомаи ҳамкориҳои минбаъдаро дар раванди таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва татбиқи самарабахши сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва муносибатҳои ҳамшарикӣ иброз намуданд. Дар маҷмуъ, ҷаласаи имрӯза ҷиҳати ноил гардидан ба афзалиятҳои миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳамчунин, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони рушд заминаи боэътимод бунёд хоҳад намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное