Навиди Вазорат



Вохӯрии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Оверчук Алексей Логвинович

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 августи соли ҷорӣ вохӯрии кории Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Оверчук Алексей Логвинович баргузор гардид.

Зимни мулоқот Ҷонибҳо як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаро мубодилаи афкор намуданд.

Сарвазири кишвар андешиданичораҳоисаривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии COVID-19ба иқтисодиёт қайд намуд, инчунин зикр кард ки, паҳншавии пандемияи коронавирус сабаби басташавиимуваққатии сарҳад бо давлатҳои ҳамсоя, суст шудани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, вайронкунии гардиши савдо ва алоқаи нақлиётӣ шуд.

Дар ҷаласа Тарафҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳоҷират, таъмини нафақа, энергетика, кишоварзӣ, саноат, маориф ва илм муҳокима карданд. ҲамчунинҶонибҳо масъалаи барқарор намудани ҳаракати ҳавоӣ ва қатораимусофирбарбайни шаҳрҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо бо мақсади афзоиши ҳаҷми гардиши савдои мутақобила ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар пешбурди молҳо ба бозорҳои Россия ҷонибҳо масъалаи истифодабарии амалии тартиби “Долони соддагардонидашудаи гумрукӣ”-ро баррасӣ карданд.

Нимаи дуюми рӯз бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Азим Иброҳим ва Муовини Сарвазири Федератсияи Россия, мӯҳтарам Алексей Логинович Оверчук дар бинои Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи: “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ" баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонва Федератсияи Россия иштирок карданд.

Дар доираи мизи мудаввар рунамоҳо дар бораи таҷрибаи кишварҳо дар ҷорӣ намудани низоми электронӣ дарсоҳаҳои энергетика, андозбандӣ, гумрук, рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ муаррифӣ карда шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное