Навиди Вазорат



Вохӯрӣ бо намояндагони Маркази байналмилалии савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз, 31 январи соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин бо намояндагони Маркази байналмилалии савдо ҷаноби Пиер Бонтоно ва Армен Заргарян баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи пешбурди ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо зери шиори "Омодагӣ барои савдо дар Осиёи Марказӣ” вобаста ба соддагардонии расмиёти савдо, рушди тиҷорати электронӣ ва ислоҳоти иститутсионалӣ барои 5 кишвар Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.

Лоиҳаи қайдгардида дар чор самт, аз қабили соддагардонии расмиёти савдо, рушди содирот, тиҷорати электронӣ ва баробарии гендерӣ татбиқ мегардад.

Дар охири мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное