Навиди Вазорат



Соати сиёсӣ барои кормандони вазорат дар мавзӯи "Мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм ва ифротгароӣ"

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 10 декабри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Вазир - Ҷуразода Тоҷиддин ва бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидов Ҳомидҷон соати сиёсӣ барои кормандони вазорат дар мавзӯи "Мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ - терроризм ва ифротгароӣ" баргузор карда шуд.

Сараввал бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки «Экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо ҳамеша дар сархати вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қарор дорад».

Сипас, пиромуни сабабҳои шомилшавии шаҳрвандони ноогоҳи кишвар ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирӣ намудани пайравии ҷавонон аз чунин созмонҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Инчунин аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин роҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо рафтору кирдори худ барои ҷавонон намунаи ибрат бошанд.

Дар охири маҷлис ҳозирин фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда, вобаста ба масъалаи матраҳгардида суолу ҷавоби муфид доир намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное