Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои марбут ба савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар 8-умин Мизи мудаввари Хитой манзур гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 4-6 декабри соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “8-умин Мизи мудаввари Хитой” баргузор гардид, ки дар кори он мавқеи кишварро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин оид ба “Ташаббусҳои муштарак ва ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)” ҳамчун шарҳдиҳандаи чорабинӣ муаррифӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои шомилшавии кишварҳо ба СУС, ташаббусҳои муштараки аъзо дар самти сиёсати савдо, ҳамгироии иқтисодӣ ва омодагӣ ба 12-умин Конфронси Вазирони СУС, ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумхурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардиданд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ номбурда бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Орешкин ва Муовини Директори кулли СУС Алан Волфф мулоқоти дуҷониба анҷом дода, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву савдоро баррасӣ намуд.

Қобили қайд аст, ки “Мизи мудаввари Хитой” ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, Котиботи СУС ва яке аз кишварҳои узви ин созмон баргузор мегардад.

Ёдрас бояд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 1-5 июни соли 2015 мизбони баргузории “Сеюмин мизи мудаввари Хитой” буд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное