Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 26-28 ноябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб сафар намуданд.

Дар ҳошияи сафари мазкур мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Мухаммад Шакур Ал-Маркабӣ баргузор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истифодаи имконоту захираҳои мавҷудаи соҳа, ҷалби сармоя ва боздиду шиносоии мутахассисони соҳа аз объектҳои энергетикии ҳарду ҷониб мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ баён карданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное