Навиди Вазорат



Вохурӣ бо намояндагони Бонки Исломии Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

25 ноябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо миссияи Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии директори Департаменти муносибатҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ дар Осиё - ҷаноби Ирфон Бухорӣ баргузор гардид.

Боиси қайд аст, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, бахши хусусӣ, маориф ва иҷроиши лоиҳаҳои амалишаванда, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешаванд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба омодагии худро баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное