Навиди Вазорат



Баргузории мизи мудаввар вобаста ба МОИ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

27 сентябри соли ҷорӣ дар Меҳмонхонаи Серенаи пойтахт бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои рушди соҳибкорӣ дар МОИ» доир гардид. Ҷаласаро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода, ки сарпарастии ин самтро ба уҳда дорад, ифтитоҳ ва роҳбарӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар мизи мудаввари мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва Шарикони рушд (Барномаи рушди созмони милали муттаҳид (БРСММ/UNDP) ва Созмони амнияти ҳакориҳои Аврупо (САҲА/OSCE) иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳадаф аз нишаст – ҳалли мушкилоту муаммоҳо ва дурнамо дар рушди соҳибкорӣ дар МОИ-и ҷумҳурӣ мебошад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное