Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб» Завқизода Завқӣ Амин дастовард ва масьалаҳои ҳалталаби шаҳри Кӯлобро муаррифӣ намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шаҳри Кӯляб Завқизода Завқӣ Амин дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории "Кӯлоб" 2019, ки рӯзи 14 июни соли равон баргузор гардид, дастовард ва масьалаҳои ҳалталаби соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлобро муаррифӣ намуд.

Қайд гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, ПрезидентаҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири кишвар Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуда, масьалаҳои марбут ба рушди шаҳри Кӯлоб дар шакли китоб таҳия ва нашр гардид.

Дар доираи чорабинӣ роҳбари Гурӯҳи кори оид ба пешравиҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрро муаррифӣ намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, бахусус таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, норасогии оби полезӣ барои соҳаи кишоварзӣ, зарурати сохтмону таъмири муассисаҳои таълимию тиббӣ ва роҳҳо, норасогии инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва мушкилоти хизматрасонии коммуналӣ ва партовҳои сахти маишӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод кард.\

Дар охир Завқизода 3. А. аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки бо назардошти мавҷуд будани имконияҳои хуби сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ ба ҷалб намудани маблагҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб мусоидат намоянд.

Рунамо бо забони тоҷикӣ "ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ"

Presentation in Eglish  "SOCIAL ANDECONOMIC CONDITION  IN KULOB"

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное