Навиди Вазорат



Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб» дастовардҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ гардиданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

Дар идомаи кори Форуми байналмилалии сармоягузории “Кӯлоб” рӯзи 14 июни соли равон бо раисии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин панел дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон намуданд, ки тибқи таҷрибаи давлатҳои пешрафта яке аз роҳҳои саноатикунонии босуръат ин ташкилу таҳкими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад ва дар робита ба ин моҳи феврали соли ҷорӣ Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил карда шуд.

Қайд гардид, ки таҳкими фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун унсури муҳими стратегии инкишофи иқтисодиёт ба ҷалби сармоя ва диверсификатсияи содирот, ҷорисозии технологияи муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва нигоҳ доштани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Инчунин дар панели қайдгардида таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Суғд”, “Панҷ” ва “Ишкошим” барои фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” пешниҳод гардид.

Дар намоишгоҳи Форуми байналмилалии сармоягузории “Кӯлоб” молҳои истеҳсолнамудаи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ба ҶДММ “ТТ - Пластик” Тасдиқнома оид ба субъекти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” супорида шуд.

Дар охири чорабинӣ Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бонки сармоягузории муттаҳид»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расонида шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное