Мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи доимии Ҷумҳурии Фаронса дар Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 6-уми июни соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи доимии Ҷумҳурии Фаронса дар Осиёи Марказӣ вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷаноби Паскал Ролот ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, ҷараёни мувофиқа ва тақвияти иқтидори содиротӣ, густариши ҳамкорӣ дар самти бахши хусусӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное