Навиди иқтисодӣ



Болоравии сатҳи таваррум дар минтақаи евро

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Тибқи маълумоти Идораи омори Иттиҳоди Аврупо «Eurostat» нархҳои молҳои истеъмолӣ дар минтақаи евро дар моҳи декабр бо ҳисоби солона 1,3 фоиз афзоиш ёфт.

 

Дар моҳи декабр дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо сатҳи пасти таваррум дар Португалия (0,4 фоиз), Италия (0,5 фоиз) ва дар Кипр (0,7 фоиз) ба қайд гирифта шуд.

Болоравии сатҳи таваррум бо ҳисоби солона дар Венгрия (4,1 фоиз), Руминия (4 фоиз), Чехия ва Словакия (3,2 фоизӣ) ба қайд гирифта шуд.

Дар Олмон моҳи декабр сатҳи таваррум аз 1,2 фоиз то 1,5 фоиз боло рафт.

Бонки марказии Аврупо дурнамои сатҳи таваррумро таҷдиди назар намуда, онро дар соли 2020 аз 1,0 то 1,1 фоиз зиёд, дар соли 2021 аз 1,5 фоиз то 1,4 фоиз паст ва дар соли 2022 дар сатҳи 1,6 фоиз пешбинӣ намудааст.

 

https://www.vestifinance.ru/articles/129843

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное