Навиди иқтисодӣ



Пешгӯиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба вазъи иқтисодӣ ҷаҳон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Тибқи маълумоти «Вести Экономика» Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар арафаи форуми Давос дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳон ва кишварҳои алоҳидаро таҷдиди назар кард. ХБА дар асоси ҳисоботи «Дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳон» барқароршавии дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро то 3,3 фоиз (баҳодиҳии соли 2019-ум 2,9 фоиз) пешгӯӣ менамояд, ки нисбат ба баҳодиҳии моҳи октябри соли 2019 (3,4 фоиз) 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

 

Рушди иқтисодиёти Ҳиндустон дар соли 2020-ум 5,8 фоиз пешгӯӣ гардид, ки нисбат ба дурнамои қаблӣ (октябри соли 2019) 1,2 банди фоизӣ паст мебошад.

ХБА дурнамои рушди иқтисодиёти Хитойро бо назардошти ба инобат гирифтани баимзорасонии марҳилаи аввали созишномаи савдо бо ИМА, ки эҳтимол дорад як қатор хавфҳоро дар иқтисодиёти дуюми ҷаҳон коҳиш диҳад то 6,0 фоиз арзёбӣ намуд, ки 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дурнамои рушди иқтисодиёти ИМА нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ 0,1 фоиз паст карда шуда, соли 2020-ум 2 фоиз баҳодиҳӣ гардид, ки сабаби ин сустшавии бахши истеҳсолот ва хавфҳои эҳтимолӣ вобаста бо интихоботи президентӣ дар охири соли ҷорӣ пешгӯӣ мегарданд.

Дурнамои рушди иқтисодиёти минтақаи евро дар муқоиса бо баҳодиҳии қаблӣ (1,2 фоиз) 1,3 фоиз баҳогузорӣ гардид, ки бо пешбинии беҳтаршавии талаботи беруна вобастагӣ дорад. Рушди иқтисодиёти Олмон 1,1 фоиз, Фаронса 1,3 фоиз, Италия 0,5 фоиз ва Испания 1,6 фоиз арзёбӣ карда мешавад. 

www.vestifinance.ru

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное