Навиди иқтисодӣ



Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҳарчанд рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА дар семоҳаи сеюм нисбат ба семоҳаи дуюм сусттар шуда бошад ҳам, вале бо назардошти муътадилии хароҷоти истеъмолӣ аз пешгӯии таҳлилгарон зиёдтар таъмин гардид.

 

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати савдо маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА дар моҳҳои июл-сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 1,9 фоиз афзоиш ёфт. Таҳлилгарони «Bloomberg» афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА-ро дар сатҳи 1,6 фоиз пешгӯӣ намуда буданд.

Хароҷоти истеъмолӣ, ки 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА-ро ташкил медиҳанд, дар семоҳаи сеюм ба ҳисоби солона 2,9 фоиз зиёд шуд.

Сармоягузориҳои тиҷоратӣ ба ҳисоби солона 3 фоиз кам гардид, ки дар 3,5 соли охир коҳишёбии назаррас ба ҳисоб меравад.

Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 2 фоизро ташкил дода буд.

https://www.vestifinance.ru/articles/127457

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное