Навиди иқтисодӣ



Афзоиши касри буҷет дар минтақаи Евро

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Тибқи маълумоти Идораи омори Аврупо (Eurostat) касри Буҷети давлатӣ нисбат ба ММД дар минтақаи евро дар семоҳаи дуюми соли 2019 аз 0,6 фоиз семоҳаи якум то 0,7 фоиз боло рафт. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ касри буҷет аз 0,8 фоиз то 0,9 фоиз афзуд.

 

Қарзи давлатӣ нисбат ба ММД дар ин минтақа аз 86,5 фоиз (охири семоҳаи якум) то 86,4 фоиз (охири семоҳаи дуюм) кам гардид. Нишондиҳандаи нисбатан пасттари қарзи давлатӣ нисбат ба ММД дар Эстония (9,3 фоиз), Люксембург (20,3 фоиз) ва Болгария (20,4 фоиз) ба назар расида, нишондиҳандаи баландтар дар кишварҳои Италия (138 фоиз), Португалия (121,2 фоиз), Кипр (107,2 фоиз) ва Белгия (104,7 фоиз) ба миён омадааст.

Дар семоҳаи дуюм нисбат ба семоҳаи якум қарзи давлатӣ нисбат ба ММД дар 10 кишвари Иттиҳоди Аврупо афзуда, дар 16 кишвари он коҳиш ёфтааст. Дар 8 кишвар ҳаҷми қарзи давлатӣ бо ҳисоби солона нисбат ба ММД афзуда, дар 20 кишвар коҳишёбии он қайд шудааст.

www.vestifinance.ru

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное