Навиди иқтисодӣ



Иқдоми Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба роҳандозӣ намудани механизми ҳисоббаробаркунӣ бо Эрон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Мувофиқи иттилои «Вести.Экономика» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон иброз дошт, ки механизми ҳисоббаробаркунии молиявии аврупоӣ INSTEX бо Теҳрон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин омода мегардад.

 

Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир дар якҷоягӣ барои тиҷорат бо Эрон воситаи ҳисоббаробаркунии INSTEX-ро таҳия намуданд, ки дар рафти тиҷорат таҳримҳои ИМА ба онҳо монеа шуда натавонад.

INSTEX ҳамчун ширкати алоҳида фаъолият намуда, дастгоҳи марказии он дар Ҷумҳурии Фаронса ҷойгир шуда, намояндаи Олмон ба ҳайси Роҳбар ва намояндаи Британияи Кабир шӯрои нозиронро идора мекунад. Дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо метавонанд ба механизми пешниҳодшуда шомил гарданд.

 

www.vestifinance.ru

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное