Коҳишёбии сатҳи бекорӣ дар минтақаи Евро

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори Иттиҳоди Аврупо «Eurostat» сатҳи бекорӣ дар минтақаи евро дар моҳи март нисбат ба 7,8 фоизи моҳи феврал то 7,7 фоиз коҳиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи пасттарин аз моҳи сентябри соли 2008 мебошад.

 

Дар баробари ин дар моҳи март сатҳи бекорӣ дар Иттиҳоди Аврупо аз сатҳи моҳи феврал 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфта, 6,4 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи пасттарин аз аввали нашри гузориши ҳармоҳаи Агентии «Eurostat», аз моҳи январи соли 2000 мебошад.

Сатҳи пасти бекорӣ дар миёни давлатҳои Иттиҳоди Аврупо аз рӯи ҷамъбасти моҳи март дар Чехия (1,9 фоиз), Олмон (3,2 фоиз), Нидерланд (3,3 фоиз) ба қайд гирифта шуда, сатҳи баланди бекорӣ дар Юнон (ба ҳолати моҳи январи соли ҷорӣ 18,5 фоиз), Испания (14,0 фоиз) ва Италия (10,2 фоиз) мушоҳида гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное