Оид ба иштироки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар VII Форуми ҷаҳонии Боку

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 14-16 марти соли 2019 дар пойтахти Озарбойҷон бо ташаббуси Маркази байналмилалии Низомии Ганҷавӣ VII Форуми ҷаҳонии Боку зери унвони “Сиёсати нави хориҷӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат варзид.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар таърихи 14 марти соли ҷорӣ ба кори Форум ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки сол аз сол Форуми ҷаҳонии Боку бинобар пешниҳоди саҳнаи худ барои табодули афкор байни шахсиятҳои барҷастаи олам доир ба масоили мубрами байналмилалӣ эътибору манзалати хосса пайдо намуда истодааст.

Қайд гардид, ки дар Форуми имсола беш аз 500 намоянда аз 55 кишвар, аз ҷумла 5 президенти кунунӣ, 1 сарвазир, 2 муовини сарвазир ва 42 роҳбари собиқи давлату ҳукумат, инчунин олимон, пажӯҳишгарон, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва пешвоёни ҷавон аз гӯшаву канорҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар давоми се рӯзи кори Форум 10 ҷаласаи соҳавӣ баргузор гардида, доир ба мавзӯъҳои “Нақши абарқудратҳо дар тағйири сиёсати ҷаҳонӣ”, “Рушди Чин ва имкониятҳои нав барои ҷаҳон”, “Чолишҳои рушди устувор”, “Интиҳои глобализм”, “Сулҳу амният дар Ховари Миёна”, “Имрӯзу фардои кишварҳои Балкан”, “Нақши илму фарҳанг дар раванд қабули қарорҳо доир ба масоили мубрами имрӯза”, “Пешвоёни ҷавон ва тарҳи дунёи беҳтари фардо”, “Ҳамгироии иттилоотӣ ва хатарҳои таҳрифсозии иттилоот” ва “Ояндаи эътилофҳо: ҳадафҳо ва манфиатҳо” мубодилаи афкор сурат гирифт.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное