Все статьи
10 Июн 2025
Суханронӣ дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус
- Подробности статьи
Хонумҳо ва ҷанобон,
Имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.
Читать далее09 Июн 2025
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон
- Подробности статьи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Читать далееИштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
- Подробности статьи
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Читать далее05 Июн 2025
Иштироки Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин
- Подробности статьи
4 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари губернатори музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чжао Ган Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирок ва суханронӣ намуд.
Читать далееПаёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон
- Подробности статьи
Ҳамдиёрони азиз!
Фардо иди сайиди Қурбон фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу осоиш, иқболи баланд ва файзу баракат орзу менамоям.
Читать далееМулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
- Подробности статьи
5 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.
Читать далее04 Июн 2025
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи Шӯрои сиёсати саноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
- Подробности статьи
4 июни соли 2025 дар доираи ҷаласаи 11-уми Шӯрои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Қудратов Лазиз Шавкатович баргузор гардид.
Читать далееМулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин
- Подробности статьи
4 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далее03 Июн 2025
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори навтаъини Бонки олмонии рушд дар Осиёи Марказӣ
- Подробности статьи
3 июни соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо – Завқизода Завқӣ Амин бо собиқ Директори Бонки олмонии рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Андреас Шнайдер ва Директори навтаъини Бонк ҷаноби Петар Георгиев, ки қарор аст фаъолияти расмии худро барои Тоҷикистон аз 1 августи соли 2025 шурӯъ намояд, баргузор гардид.
Читать далее31 Май 2025
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
- Подробности статьи
31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии расмии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо – Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати баландпояи вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини Котиби Кумитаи ҳизби коммунистии Синзян ва Котиби шаҳри Урумчӣ муҳтарам ҷаноби Ҷан Жу баргузор гардид.
Читать далее