Все статьи
20 Сентябр 2019
Ҷорӣ намудани Кодекси ягонаи андоз, бозори энергетикӣ, назорати гумруку бонкӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорусия
- Подробности статьи
Федартсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорусия дар соли 2021 нияти гузариш ба Кодекси ягонаи андоз, таъсиси танзимгари бозори энергетикӣ, муттаҳид намудани хизматрасониҳои гумрукӣ, назорати бонкӣ ва асъориро доранд.
Читать далееБолоравии сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой
- Подробности статьи
«Вести.экономика» дар робита бо маълумоти ширкати «Capital Economics» иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба паҳншавии бемории вабои хукҳои африқоӣ бенатиҷа монда истодааст.
Дар натиҷа нархи гӯшти хук боло рафта, боиси афзоиши таваррум нисбат ба нишондиҳандаи мақсаднок дар соли оянда мегардад, ки дар даҳ соли охир маротибаи аввал ба ҳисоб меравад.
Ширкати «Capital Economics» афзоши нархҳоро дар аввали соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 80 фоиз пешбинӣ кардааст, ки ин ба болоравии сатҳи таваррум оварда мерасонад.
Аз рӯи маълумоти Бюрои омори миллии Хитой дар моҳи август нархи гӯшти хук дар кишвар бо ҳисоби солона 46,7 фоиз афзоиш ёфта, болоравии назарраси сатҳи таваррум нисбат ба моҳи июл аз ҳисоби боло рафтани нархи гӯшти хук ба миён омадааст.
Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳи август дар сатҳи 2,8 фоиз боқӣ монд ва ин нишондод нисбат ба нишондиҳандаи мақсаднок барои соли 2019 кам мебошад.
Ҳамин тавр сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2019 бо ҳисоби миёна 3,5 фоиз ва дар соли 2020 4,0 фоиз нишон дода шудааст.
https://www.vestifinance.ru/articles/124995
Читать далееИттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Сингапур созишномаи якумро оид ба минтақаи озоди савдо ба тасвиб мерасонанд
- Подробности статьи
«Вести.Экономика» дар робита бо маълумоти Вазорати савдои Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ медиҳад, ки созишномаи якум оид ба минтақаи озоди савдо миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Ҷумҳурии Сингапур якуми октябри соли ҷорӣ ба имзо расонида мешавад.
Читать далееБузургтарин қатъи интиқоли нафти Арабистони Саудӣ дар таърих
- Подробности статьи
Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» ҳамла ба объектҳои инфрасохтори нафти Арабистони Саудӣ рӯзи 14-уми сентябри соли ҷорӣ ба коҳишёбии ҷиддии интиқоли нафт ба бозори ҷаҳонӣ оварда расонид.
Читать далееОғози сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод
- Подробности статьи
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Читать далее18 Сентябр 2019
Баимзорасонии Шартномаи маблағгузории лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ бо Бонки Олмонии Рушд.
- Подробности статьи
Имрӯз 18 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода ва Роҳбари Дафтари Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дуктур Андреас Шнайдер маросими баимзорасонии Шартномаи маблағгузории лоиҳаи занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ байни Бонки Олмонии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор карда шуд.
Читать далее17 Сентябр 2019
Ифтитоҳи корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зиркон» ташриф оварданд.
Читать далееГузоштани санги асоси Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.
Читать далееГузоштани санги асоси корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” дар шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшиданд.
Читать далееОғози корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
- Подробности статьи
Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.
Читать далее