Ноябр 2022

14 Ноябр 2022

Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавии ҳайати кормандони вазорат ва зерсохторони он ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти вазорат ба ифтихори ҷашнҳои муқаддаси таърихӣ табрику муборакбод намуд.

Читать далее

Иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар Конфронси умумиҷаҳонии нигоҳубин ва тарбияи барвақтии кӯдакон

14 ноябри соли 2022 дар ҳошияи корӣ Конфронси умумиҷаҳонии нигоҳубин ва тарбияи барвақтии кӯдакон, ки дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) баргузор карда шудааст, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло бо Вазири таълими томактабии Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот доир намуд.

Читать далее

10 Ноябр 2022

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия ду санади муҳим оид ба густариш додани ҳамкориҳои дутарафа ба имзо расониданд

10 ноябри соли 2022 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш, Роҳбари ҳайати расмии Туркия вохӯрӣ баргузор намуд, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои иқтисодии дутарафа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

09 Ноябр 2022

Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавӣ оид ба рушди одилона, молия ва институтҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ

9 ноябри соли 2022 вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Директори минтақавӣ оид ба рушди одилона, молия ва институтҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ Лалита Муртӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва дигар намояндагони бонк баргузор гардид.

Читать далее

08 Ноябр 2022

Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

8 ноябри соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Доминик Фавре оид ба кишварҳои Тоҷикистон, Швейтсария, Лаҳистон, Сербия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Читать далее

Суханронӣ дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории  иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

Читать далее

07 Ноябр 2022

Суханронии дар маросими ифтитоҳи Павилиони об дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Лутфан ҳамаи шуморо дар маросими кушодашавии Павилиони об аз номи Тоҷикистон шодбош мегуям.

Читать далее

06 Ноябр 2022

Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссер

6 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷоссер мулоқот карданд.

Читать далее

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

Читать далее

05 Ноябр 2022

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии воридотии Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунсао иштирок намуд

Рӯзи 4 ноябри соли 2022 Намоишгоҳи 5-уми байналмилалии воридоти Чин ва Форуми байналмилалии иқтисодии Хунсао тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное