Декабр 2021
02 Декабр 2021
Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
2 декабри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Читать далееВохўрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Таеҳо Ли
- Подробности статьи
Рӯзи 2 декабри соли 2021 дар ҳошияи ҷаласаҳои Якумин Тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС, ки 6-8 декабр дар шаҳри Женева баргузор мегарданд, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Корея дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева ҷаноби Таеҳо Ли ҳамзамон муҳокимакунандаи Якумин Тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС вохӯрӣ намуданд.
Читать далееДар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид
- Подробности статьи
Дар охирон рӯзи фасли тирамоҳ, 30 ноябри соли 2021 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва муаррифии имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус минтақаҳои кишвар бо иштироки Раиси Вилояти Хатлон, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия, инчунин дигар меҳмонони олиқадр аз Федератсияи Россия дар шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон Конфронси ҳаштум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия баргузор гардид.
Читать далее01 Декабр 2021
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Читать далее