Баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии соҳаҳои саноат, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва сармоягузорӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028
2 апрели соли 2025 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.