News of the Ministry



Рӯзи ихтироъкорону навоварон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҳамдиёрони азиз!

Иҷозат фармоед, Шуморо ва дар симои Шумо, тамоми ихтироъкорону навоварон, адибону рассомон, санъаткорону нависандагон ва умуман ҳамаи онҳоеро, ки дар рушди моликияти зеҳнӣ саҳмгузор ҳастанд, ба муносибати “Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон” ва “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва рӯзгори хушу хонаи ободро таманно намоям.

Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳар сол санаи 26 апрел дар ҷумҳурӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” таҳти шиори “Эҷодкорӣ дар фазои рақамӣ: Таҷдиди фаҳмиши фарҳангӣ” мегузарад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишваро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.

Воқеъан, моликияти зеҳнӣ асоси тараққиёт ва пешравии ҷомеа буда, бо гузашти садсолаҳо тамоми ҷаҳон аз ҳунари волои ихтироъкорон, навоварон, адибон, рассомон, синамоофарон ва дигарон, ки бо офаридаҳои худ ҳаёти мардумро рангину гуворо месозанд, баҳрабардорӣ намуда, маҳсули зеҳни онҳо - маҳорату хиради худододи эшонро қадрдонӣ менамоянд.

Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи соҳаи моликияти зеҳнӣ сол аз сол диққати зарурӣ дода мешавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ояндаи соҳаи моликияти зеҳнӣ ишора намуда, дар баромадҳояшон қайд намудаанд: «...Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад…». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази милли патенту иттилоот” ҳамасола дар доираи як қатор озмунҳо ва чорабиниҳо онҳоеро қадрдонӣ менамояд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, бо эҷоди тахайюлот ба зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза, баҳри манфиати ҳама инсонҳои рӯи замин кору фаъолият менамоянд ва дастовардҳои зеҳнии хешро барои манфиати халқ равона менамоянд.

Бинобар ин, умедворам, ки соҳа дар оянда низ боз ҳам рушд ёфта баҳри пешрафти ҷомеа ва иқтисоди кишвар саҳмгузор мегардад.

Рӯзи ихтироъкорону навоварон ва Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное