News of the Ministry



Вохӯрии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

3 апрели соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо роҳбари Миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар Тоҷикистон ҷаноби Мэтю Гартнер ва ҳайати он баргузор гардид.

 

Солеҳзода А. А. ба Мэтю Гартнер барои ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳайати миссияро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди милллӣ шинос намуд. Бахусус қайд гардид, ки дар соли 2024 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии кишвар, қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаву стратегияҳо дар соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Суръати рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 20 фоиз, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз, боркашонӣ 11,5 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4 фоиз таъмин гардид.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи баҳодиҳии вазорат суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2025 дар сатҳи зиёда аз 8 фоиз пешбинӣ шудааст.

Дар доираи мулоқот Мэтю Гартнер ба устувории макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар соли 2024 баҳои сазовор дода, қайд намуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна иқтисоди миллӣ дар кишвар дар солҳои охир дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, бахусус дар татбиқи барномаи муштарак оид ба фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ изҳор намуданд.