News of the Ministry



Иштирок дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА оид ба ҳамгироии минтақавӣ дар сиғаи С5+1

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

24 октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ дар сиғаи С5+1 баргузор гардид.

Дар кори чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ӯзбекистон ва Агентии рушди байналмилалии ШМА (АРБШМА) танзим шуд, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Лазиз Кудратов, вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Шаккалиев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Макешов, муовини вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон Керимбердӣ Курбанов ва Роҳбари АРБШМА хонум Саманта Пауэр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни қисмати якуми ҷаласа, ки ба рушди фарогир ва устувори иқтисодӣ бахшида шуда буд, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва “иқтисоди сабз”, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, дастгирии шуғл миёни занон, ҷавонон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа табодули афкор карданд.

Дар рафти бахши дуюми ҷаласа зери унвони “Ҳамгироии дохилиминтақавӣ ва глобалӣ”, мавзуҳои мусоидат ба тавсеаи савдои дохилиминтақавӣ ва афзоиши зарфиятҳои масирҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ, пешбурди пайвастшавии энергетикӣ ва мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим тариқи рушди истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза баррасӣ гардиданд.

Дар хотимаи нишаст ҷонибҳо баҳри таҳкиму густариши шарикии созандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, хусусан АРБШМА, ҷиҳати вусъатдиҳии ҳамгироии кишварҳои минтақа дар соҳаҳои афзалиятноки зикршуда ва пешбурди рушди устувори иқтисодӣ омодагӣ изҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа изҳороти муштараки ҷонибҳо интишор гардида, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои минтақа ва ШМА ёддоштҳои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба ташаббуси декарбонизатсия ва ҳамкорӣ оид ба рақамикунонии расмиётҳои гумрукӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расониданд.   

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное