News of the Ministry



Мулоқоти Вазир муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи доимии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Рашид Қодиров

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

12 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи доимии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Рашид Қодиров (фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом мерасад) баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо перомуни масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд, лоиҳаҳои амалишаванда ва нақшаҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Инчунин қайд гардид, ки дар давоми фаъолияти намояндаи доимии Бонки Авруосиёгии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Рашид Қодиров ҳамкориҳо байни Бонки Авруосиёгии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳу сифати нав бароварда шуд.

Дар поёни вохӯрӣ баён гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд низ дар сатҳи зарурӣ идома дода мешавад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное