Навиди Вазорат



Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон бахшида ба рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

25 апрели соли 2024 дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-уми апрел ҳамчун «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ» зери шиори «Ихтироот, аз ғоя то маҳсулот» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ва ҳамзамон ихтироъкорони дохили кишвар ва берун аз он, бахусус аз Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патении Авруосиё, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус ширкат варзиданд.

Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷаласаи тантанавӣ ва бахшҳо дар мавзӯъҳои “Ихтироот ва навовариҳо ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар”, “Омӯзиш ва оммавигардонии ихтироот”, “Баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ ва имкониятҳои тиҷоратикунонии ихтироот” иборат буда, иштирокчиён тибқи мавзӯъҳои қаблан тасдиқшуда маърӯзаҳои пурмӯҳтаворо пешниҳод намуданд.

Вобаста ба дастовардҳои ихтироъкорон дар доираи Форуми мазкур Намоишгоҳ баргузор гардида, буклет ва китобчаҳо (брошура) дар шакли маълумот доир ба ихтирооти бақайдгирифташуда барои меҳмонон тақдим карда шуд.

Мақсади асосии Форум, мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди нерӯи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное