Новости Министерства



Ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

31 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шакли ҳузури ва маҷози баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби Тоҷикистонро намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳи, кор бо ҷавонон ва варзиш, Бонки милли, Хадамоти гумрук ва ҳайати ҷониби Швейтсарияро Мартин Саладин – Сардори Департаменти кишварҳои ҷанубу шарқии ташкилоти ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии Конфедератсияи Швейтсария роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, маориф ва илм, кишоварзӣ, технология ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо якчанд самтҳои стратегии ҳамкориҳоро вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ ва «иқтисодиёти сабз», тиҷорати электронӣ, ҷалби технологияҳои инноватсионӣ аз Швейтсария, аз ҷумла дар соҳаҳои фармасевтика, мошинсозӣ, робототехника ва дигар намудҳои технологияҳои нав изҳор доштанд, ки тақвият ва рушди соҳаҳои номбурда муносибатҳои минбаъдаи моро боз ҳам ба таври назаррас такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳо дар самтҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва кишоварзӣ зоҳир гардид. Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи лоиҳаҳое, ки ба табодули таҷриба дар соҳаҳои номбурда, инчунин ҷалби кумак ва сармоягузорӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расиданд.

Бо назардошти зарфият ва имкониятҳои фаровони табиию фароғатии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба ҷалби сайёҳон аз Швейтсария баррасӣ шуданд.

Ҷаласа дар фазои дустӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное