Новости Министерства



Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

2 марти соли 2022 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири навтаъини Салтанати Умон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон) Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Абдураҳмонзода А. С. пеш аз ҳама Сафири навтаъини Салтанати Умонро ба вазифаи навтаиншудааш табрику таҳният гуфта, ба ӯ дар фаъолияти нави корияш барору комёбӣ орзу намуд.

Ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон Абдураҳмонзода А. С. пешниҳод намуд, ки аз ҷониби сармоягузорони умонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти ҶДММ «ТК Ойл» дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат сурат гирад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Сафир хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное