Новости Министерства



Сафари навбатии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои шиносоӣ ва идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин рӯзҳои 29-30 октябри соли 2021 ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд.

Нахуст бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва соҳибкорони ноҳия маҷлис баргузор гардида, аз ҷониби Завқизода З. А. тамоми супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 28 октябри соли 2021 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қайд намуда буданд, ба иштироккунандагон расонида шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо ба масъулон дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Аз ҷумла масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ва соҳибкорон вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати дар сатҳу сифати зарурӣ нигоҳ доштани иншоотҳои сохтмонашон ба итмомрасида, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатию ҷойҳои нави корӣ, ташкили марказҳои логистикӣ, анборҳо ва сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, тақвияти кишти тирамоҳӣ, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ, ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво ва таъмини амният ва ҳимояи сарҳади давлатӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Инчунин дар рафти сафар Завқизода З. А. аз раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди биною иншоот, кабудизоркунӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, аз ҷумла дар боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ дар Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дидан намуда, ба масъулон барои тақвияти корҳо супоришҳо дода шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное