Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии Ширкати Гурӯҳи Портҳои Абу Дабӣ масъалаи таъсиси маркази лагистикию транзитӣ ва содиротии молҳоро муҳокима намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

29 феврали соли 2024 дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар доираи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори генералии Ширкати Гурӯҳи Портҳои Абу Дабӣ Муҳаммад Ҷума ал Шамисӣ баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. имкониятҳои бузурги транзитиву логистикӣ ва содироти молҳои кишварро муарифӣ намуда, аз Директори генералии Ширкати Гурӯҳи Портҳои Абу Дабӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъсис додани маркази логистикию интиқол ва содироти молҳо дар шаҳри Душанбе маблағгузорӣ намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Ҳамзамон Завқизода З. А. аз ҳамкориҳои Шикрати мазкур бо ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» изҳори хушнудӣ намуд.

Қайд бояд кард, ки Ширкати Гурӯҳи Портҳои Абу Дабӣ зиёда аз 20 намуд хизматрасониҳои транзитиву логистикӣ ва рақамиро дар бозорҳои рӯ ба тараққии ҷаҳон пешниҳод карда, дар 26 кишвар дунё намояндагии худро кушодааст ва дар гурӯҳ беш 9000 нафар кор мекунад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное